https://sputnik.tj/20210201/vazir-daler-juma-barq-sarfa-1032741993.html
Модарам ҳар як "лампа"-ро назорат мекунад: вазир гуфт, чи гуна барқро сарфа мекунад
Модарам ҳар як "лампа"-ро назорат мекунад: вазир гуфт, чи гуна барқро сарфа мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергентика ва захираҳои обӣ тавзеҳ дод, ки чигуна барқро дар хонаводааш сарфа мекунад. Ӯ гуфт, ки масрафкори асосии оилаи вай дар мавриди барқ модараш... 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T20:54+0500
2021-02-01T20:54+0500
2021-02-02T15:10+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:36:1075:641_1920x0_80_0_0_1761945f2d2df7a6808b800a0c0369bf.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ роҳҳои сарфаи барқро аз рӯйи таҷрибаи худаш нишон дод.Далер Ҷумъа ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки чигуна нерӯи барқро дар хонаводааш сарфа мекунад."Ман чун истифодабаранда барқро кам масраф мекунам, ҳамчун вазир бошад, зиёд", - гуфт вай.Ба гуфтаи вазир, кам сарф кардани барқ ба кисаи соҳаи энергетика манфиатовар нест.Вазорат бошад, афзуд ӯ, барқро зиёд истифода мебарад."Философияи ҳирфаии шахсии ман ба мо имконият медиҳад, ки аз ҳисоби самаранокӣ интиқоли барқро ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш диҳем", - изҳор дошт Ҷумъа.Дар хонаводаи ман, сарфаи нерӯи барқ назорат мешавад ва назоратчии асосӣ модарам мебошанд. Ба наздикӣ ба Душанбе кӯчидам ва агар хато накунам, қувваи барқро ҳудуди 500-600 кВт сарф мекунам. Пештар вақте дар Хоруғ кор ва зиндагӣ мекардам, масрафи барқи ман зиёдтар буд, зеро митақа сард аст, афзуд ӯ.Вазири тоҷик: таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома дорандЁдрас мешавем, мақомоти Ширкати “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.Ҳамчунин аз 10 декабр дар кишвар штаби махсусӣ ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст, ки истифодаи барқро дар тамоми кишвар назорат мекунад ва аз мардум даъват менамояд, ки сарфакор бошанд.
https://sputnik.tj/20210201/Kohishi-sodiroti-barq-Tajikistan--1032741126.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:0:1027:770_1920x0_80_0_0_795164a68288a742274558734966eab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Модарам ҳар як "лампа"-ро назорат мекунад: вазир гуфт, чи гуна барқро сарфа мекунад
20:54 01.02.2021 (Навсозишуда: 15:10 02.02.2021) Вазири энергентика ва захираҳои обӣ тавзеҳ дод, ки чигуна барқро дар хонаводааш сарфа мекунад. Ӯ гуфт, ки масрафкори асосии оилаи вай дар мавриди барқ модараш аст, ки ҳар як "лампа" ва ё фурӯзонакро назорат мекунад
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ роҳҳои сарфаи барқро аз рӯйи таҷрибаи худаш нишон дод.
Далер Ҷумъа ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки чигуна нерӯи барқро дар хонаводааш сарфа мекунад.
"Ман чун истифодабаранда барқро кам масраф мекунам, ҳамчун вазир бошад, зиёд", - гуфт вай.
Ба гуфтаи вазир, кам сарф кардани барқ ба кисаи соҳаи энергетика манфиатовар нест.
Вазорат бошад, афзуд ӯ, барқро зиёд истифода мебарад.
"Философияи ҳирфаии шахсии ман ба мо имконият медиҳад, ки аз ҳисоби самаранокӣ интиқоли барқро ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш диҳем", - изҳор дошт Ҷумъа.
Дар хонаводаи ман, сарфаи нерӯи барқ назорат мешавад ва назоратчии асосӣ модарам мебошанд. Ба наздикӣ ба Душанбе кӯчидам ва агар хато накунам, қувваи барқро ҳудуди 500-600 кВт сарф мекунам. Пештар вақте дар Хоруғ кор ва зиндагӣ мекардам, масрафи барқи ман зиёдтар буд, зеро митақа сард аст, афзуд ӯ.
Ёдрас мешавем, мақомоти Ширкати “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.
Ҳамчунин аз 10 декабр дар кишвар штаби махсусӣ ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст, ки истифодаи барқро дар тамоми кишвар назорат мекунад ва аз мардум даъват менамояд, ки сарфакор бошанд.