Шимоли Тоҷикистонро заминларза такон дод

© AP / DITA ALANGKARAЦифровой сейсмограф, архивное фото
Цифровой сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Обуна шудан
Дар минтақаҳои марзии байни Ӯзбекистон ва шимоли Тоҷикистон дар жарфои 10 километрӣ заминҷунбӣ рух дод
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар қисмати марзии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази ҷумҳуриявии заминларзашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Ӯзбекистон. 
Бино бар иттилои манбаъ, ларзишҳои зеризаминӣ байни ду кишвар тақрибан соатҳои 16:00 бо вақти Душанбе ва Тошканд рух додааст.
Қувваи заминҷунбӣ 3,3 балл ва жарфои он 10 километрро ташкил кардааст.
Тоҷикистонро шаб заминҷунбии сахт такон дод
Координатҳои ларзишҳо 40,1 дараҷаи арзи шимолӣ, 68,89 дараҷаи тӯли шарқӣ гуфта мешавад.
Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарбӣ тақрибан 132 километр ва аз Гулистони Ӯзбекистон тақрибан 44 километр аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳодисаро феълан шарҳ надодааст.
Лентаи хабарҳо
0