Коршинос: як саввуми нерӯгоҳи барқи обии Норак пур аз гилу лой шудааст

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС, архивное фото
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Обуна шудан
Коршиноси умури энержии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки камбуди шадиди барқ дар кишвар ба сабаби пур шудани як саввуми нерӯгоҳи барқи обии Норак аз гилу лой аст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Авесто, муҳандис Камолиддин Сироҷиддинов бо интишори матлабе гуфтааст, бар асоси баровардаҳои фаннӣ, ки чанд соли пеш бо кумаки молии банки ҷаҳонӣ анҷом ёфт, акнун як саввуми нерӯгоҳи  барқи обии Норак аз гилу лой пур шудааст, ки мӯҷиби коҳиши зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ ва буҳрони камбуди шадиди энержӣ мешавад.
Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2020
Бе барқ намемонем: НБО "Норак" ва "Бойғозӣ" ба фасли зимистон комилан омодаанд
"Дарёи Вахш, ки оби мавриди ниёзи сарбанди нерӯгоҳи Норак барои тавлиди солонаи наздик ба 3 миллиард киловатт соат барқ тавассути 9 чарха ин нерӯгоҳро таъмин мекунад дар фаслҳои баҳору аввали тобистон гилолуд аст ва лойрӯбӣ нашудани сарбанди 300 метрии он аз соли 1972 то ба ҳол ҳамасола мӯҷиби коҳиши тавлиди барқ мешавад.
Бар асоси мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоии ин кишвар аз шаби 5 январи соли ҷорӣ иҷроӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.
Далели иҷроии дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0