Дар шаҳри Хуҷанд Маркази рушди расонаҳои нав таъсис меёбад

© © Sputnik / Амир ИсаевОператор с видеокамерой, архивное фото
Оператор с видеокамерой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Обуна шудан
Гуфта мешавад, ки таъсиси Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкили маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳад буд, замина фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав таъсис меёбад.
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2020
Интиқоди раисҷумҳур аз расонаҳо: чаро аз муваффақиятҳои иқтисодӣ кам менависед?
Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ қарор қабул шудааст.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, хабар медиҳад, ки ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти раёсати ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло доир гардида, дар доираи он панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
"Аз ҷумла, дар кори Шӯро масъалаи зарурият ва аҳамияти таъсиси Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав дар назди донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Маврид ба зикр аст, ки Маркази мазкур бо дарназардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ, ки бо суръати баланд бар пояи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешаванд ва дар ин замина халалдор шудани таносуби тарбияю омода кардани кадрҳои ҳирфаии журналистии муосир, камбуди онҳо дар бозори ВАО ва адами мавҷудияти пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав дар назди донишгоҳ таъсис меёбад.
Ҳукумати Суғд ғолибони озмуни рӯзноманигориро эълон кард
Гуфта мешавад, ки таъсиси Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкили маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳад буд, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0