https://sputnik.tj/20210201/Ittiodiyai-Avrupo-az-dollar-dast-mekashad--1032737144.html
Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад
Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ният доранд вобастагии худро аз доллар кам кунанд ва иқтисоди худро ҳимоя намоянд 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T14:50+0500
2021-02-01T14:50+0500
2021-04-19T17:34+0500
иқтисод
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
доллар
евро
ҳимоя
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722665_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_95eee2227b42908a550132109b06918b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 феврал - Sputnik. Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо нақшаи пешакӣ барои даст кашидан аз долларро рӯ даст гирифтааст, менависад Financial Times.Иттиҳодияи Аврупо ин иқдомро ба хотири кам кардани вобастагии худ аз доллар роҳандозӣ хоҳад кард. Бар ивази доллар Иттиҳодияи Аврупо ният дорад евроро ба кор барад. Имрӯз ин дуввумин асъори серталаб дар ҷаҳон ба шумор меравад.Гуфта шудааст, ки тибқи нақшаҳои пешакӣ, евро бояд дар шартномаҳои интиқоли мол иникос ёбад ва дар меъёрҳо бояд таҷдиду тайғирот ворид гардад.Танзимкунандагон метавонанд тасарруфи ширкатҳои аврупоиро аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ пешгирӣ кунанд, чунки ин таҳдид ба амнияти миллӣ дониста мешавад.Бо кумаки низоми нави назорати сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳар як амалиёт санҷиш хоҳад шуд. Бо ин роҳ, ба сосони мешавад муайян кард, корхонае, ки тасарруф карда шудааст, оё таҳримҳои бурнмарзиро роя хоҳад кард ё на.Тибқи гузориши Бонки марказии Аврупо, серталабии евро барқарорсозии бунёди Иқтисоди Аврупо пас аз пандемия, ки 750 миллиард евроро ташкил медиҳад, афзоиш хоҳад дод.Ҳамчун алтернатива ба доллар, Иттиҳодияи Аврупо нақша дорад, вомбаргҳои ягонаи шарикӣ ба фурӯш барорад. Ин метавонад хавфҳои эҳтимолӣ пешгирӣ намояд.Аммо, оҷонсиҳои пешрафтаи амрикоӣ, аз ҷумла Bloomberg, боварӣ доранд, ки ин нақша амал нахоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносони амрикоӣ ин нақша ба хотири доштани мухолифат миёни ҳукуматҳои мухталифи кишварҳои Аврупо наметавонад амал шавад.
https://sputnik.tj/20210131/Itisodshinos-rubl-qurb-1032728396.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032722665_137:0:1844:1280_1920x0_80_0_0_f654d2e5b468020d1b6d922d161eb3e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, доллар, евро, ҳимоя, аврупо
иқтисод, ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, доллар, евро, ҳимоя, аврупо
Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад
14:50 01.02.2021 (Навсозишуда: 17:34 19.04.2021) Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ният доранд вобастагии худро аз доллар кам кунанд ва иқтисоди худро ҳимоя намоянд
ДУШАНБЕ, 1 феврал - Sputnik. Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо нақшаи пешакӣ барои даст кашидан аз долларро рӯ даст гирифтааст, менависад Financial Times.
Иттиҳодияи Аврупо ин иқдомро ба хотири кам кардани вобастагии худ аз доллар роҳандозӣ хоҳад кард. Бар ивази доллар Иттиҳодияи Аврупо ният дорад евроро ба кор барад. Имрӯз ин дуввумин асъори серталаб дар ҷаҳон ба шумор меравад.
"Тақвияти нақши байналмилалии евро иқтисод ва низоми молиявии моро аз зарбаҳои асъорӣ муҳофизат мекунаду, вобастагӣ аз дигар асъорро кам карда, хароҷоти пасти транзаксионӣ ва молиявиро коҳиш медиҳад", - гуфт Комиссари аврупоӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Паоло Ҷентилони.
Гуфта шудааст, ки тибқи нақшаҳои пешакӣ, евро бояд дар шартномаҳои интиқоли мол иникос ёбад ва дар меъёрҳо бояд таҷдиду тайғирот ворид гардад.
Танзимкунандагон метавонанд тасарруфи ширкатҳои аврупоиро аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ пешгирӣ кунанд, чунки ин таҳдид ба амнияти миллӣ дониста мешавад.
Бо кумаки низоми нави назорати сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳар як амалиёт санҷиш хоҳад шуд. Бо ин роҳ, ба сосони мешавад муайян кард, корхонае, ки тасарруф карда шудааст, оё таҳримҳои бурнмарзиро роя хоҳад кард ё на.
Тибқи гузориши Бонки марказии Аврупо, серталабии евро барқарорсозии бунёди Иқтисоди Аврупо пас аз пандемия, ки 750 миллиард евроро ташкил медиҳад, афзоиш хоҳад дод.
Ҳамчун алтернатива ба доллар, Иттиҳодияи Аврупо нақша дорад, вомбаргҳои ягонаи шарикӣ ба фурӯш барорад. Ин метавонад хавфҳои эҳтимолӣ пешгирӣ намояд.
Аммо, оҷонсиҳои пешрафтаи амрикоӣ, аз ҷумла Bloomberg, боварӣ доранд, ки ин нақша амал нахоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносони амрикоӣ ин нақша ба хотири доштани мухолифат миёни ҳукуматҳои мухталифи кишварҳои Аврупо наметавонад амал шавад.