Боздошти сокини Қубодиён: манзилашро ба қиморхона табдил дод

Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 43-сола ба гумони ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ҳуҷраи манзили истиқоматиашро бидуни иҷозатномаи мақомоти дахлдор ба қиморхона табдил додааст.
Боздошти сокини 68 солаи Восеъ: манзили зисташро ба қиморхона табдил дод
"Ӯ мардони 29, 28, 28 ва 29-солаи сокинони ҷамоати деҳоти мазкурро барои бозии қимор ҷалб намуда, аз ин ҳисоб ба манфиати шахсиаш маблағи пулӣ ба даст овардааст.", - омадаатс дар хабарнома.
Бо пули қимор кори ҳалол кардан ҷоиз аст?: посухи Шӯрои уламо ба Закариё
Манбаъ афзуда, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0