Таъсиси ноҳияи Исфара ва қайди тамғаи "Coca-Cola": имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 31 января
День 31 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 31 январ, Рӯзи байналмилалии заргар ва Рӯзи истиқлолияти Науру мебошад. Дар ин рӯз ноҳияи Исфара (ҳозир - шаҳри Исфара) таъсис ёфтааст

Рӯзи 31 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1729 аввалин китоб бо ҳуруфоти арабӣ нашр шуд.

День 28 января - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бекорон ва даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ: имрӯзи таърих

Соли 1865 Дмитрий Иванович Менделеев рисолаи докториашро дар мавзӯи "Дар бораи омехташавии спирт бо об" ҳимоя намуд ва унвони профессори Донишгоҳи Петербургро дар кафедраи кимиёи техникӣ ба даст овард.

Соли 1893 тамғаи молии "Кока-Кола" ба қайд гирифта шуд.

Соли 1906 дар Эквадор пуршиддаттарин заминҷунбӣ дар таърих ба қайд гирифта шуд, ки он аз рӯи ҷадвали Рихтер 8,6 баллро ташкил дод

Соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.

Рӯзи 31 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1927 ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфараи вилояти Суғд) таъсис дода шуд.

День 27 января - Sputnik Тоҷикистон
Зодрӯзи Савриниссо Сабзалиева ва хотироти қурбониёни Ҳолокост: имрӯзи таърих

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани дипломҳо ба  барандагони озмуни Д. Менделеев ва М. Ломоносов баргузор гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2017 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – МОИ "Ишкошим" ва "Данғара" таъсис дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 28 январ

  • Рӯзи байналмилалии заргар.
  • Рӯзи истиқлолияти Науру.

Рӯзи 31 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.

Соли 1935 — Борис Пшеничний, рӯзноманигор ва нависандаи русзабони Тоҷикистон, ки сармуҳаррири рӯзномаи "Комсомолец Таджикистана" ва "Коммунист Таджикистана" буд.

Лентаи хабарҳо
0