ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Созмони UFC дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навори суҳбати завҷаи варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ва варзишкори ирландӣ Конор Макгрегорро нашр кард.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Мубориза байни ду ситораи UFC рӯзи 24 январ дар "Fight Island" дар Абу-Даби баргузор шуд. Ҷанговари амрикоӣ дар даври дуввум рақиби ирландиашро аз пой афтонда, пирӯзиро аз худ кард.
Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад
Пас аз ба охир расидани қувваозмоӣ, Ҷоли Пореи 32-сола вориди утоқи либоспӯшии Макгрегор шуд ва ба ӯ барои мубориза, инчунин барои сармоягузорӣ ба бунёди хайриявии Поре изҳори сипос кард.
"Ман мехостам сипосгузорӣ кунам. Ташаккур барои ҳама чиз ташаккур, шумо барои беҳбудии зиндагии бисёр одамон кумак мекунед" - гуфт Ҷоли ба Макгрегор.
Конор, дар навбати худ, Ҷолиро бо пирӯзии Дастин табрик гуфт ва қайд кард, ки ӯ муҳорибаи хубе барпо кард.
Ирландӣ инчунин ваъда дод, ки барои боздид ба Луизиана, ватани Поре меояд.