ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Таҳмина Раҷабова, ки аллакай солҳо мардуми Тоҷикистон ӯро на танҳо чун ровии барномаи иттилоотӣ, балки актрисаи боистеъдод мешиносанд, ба ҳаводоронаш хушхабар расонид.
Ӯ имрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дод, ки дар интизори фарзанди дувумаш аст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ аксашро гузоштаву дар шарҳи он пеш аз ҳама "бале рост аст, ман ҳомиладорам" навиштааст.
"Барои он рост аст менависам, ки шумо борҳо дар нақшаҳоям ҳомила дидаед", - навиштаву афзудааст, ки ин дафъа "Худованд ба ҷои ӯ тамоми қарорҳоро қабул кард".
"Барои хело ғайричашмдошт буд. Ҳоло дар моҳи нуҳум қарор дорам ва дар интизори мӯъҷизаи хурдакак ҳастам", - қайд кардааст ӯ.
Пештар бонуи ҳунар дар бораи аз ҳамсари аввалаш ҷудо гаштану бори дувум хонадор шуданаш хабар дода буд.
Ӯ гуфта буд, ки бо шавҳари дуюмаш то ҳол ягон фарзанд надоранд ва пас аз хатми таҳсил, албатта барои ҳамсараш фарзанде ба дунё меоорад.
Марги нобаҳангоми падар, хонавайронӣ ва ишқи нав : ногуфтаҳои Таҳмина Раҷабова - видео
Ҳунарпеша аз шавҳари аввалаш як писар дошт.
Ёдрас мешавем, Таҳмина Раҷабова соли 2019 ба Донишгоҳи ВГИК-и Маскав дохил шуд ва аввалҳои соли 2020 бо далели пандемия бар қасди Душанбе тарки Маскав кард.