"Ҷанг" - и Ҷо Байден бо ручка ҳангоми имзои ҳуҷҷат - навор

© AFP 2023 / Patrick SemanskyДжо Байден выступает с речью во время своей инаугурации
Джо Байден выступает с речью во время своей инаугурации - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наворе ки қариб тамоми расонаҳои хориҷӣ дар бораи он ҳарф мезананд ва шабакаҳои телевизионӣ онро такрор ба такрор нишон медиҳанд, "ҷанг"- и кишвардори феълии Амрико бо ручкааш аст

ДУШАНБЕ, 30 янв  — Sputnik. Навор аз лаҳзаи имзои номуваффақи ҳуҷҷате аз ҷониби раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад.

Дар ин навор лаҳзаи ворид шудани Байдан ба як толори калон нишон дода мешавад, ки дар саҳна мизу курсӣ барои имзогузории Ҷо Байден гузошта шудааст.

Кишвардори Амрико, ҳинни нишастан, ҳуҷҷати дар болои миз истодаро кушод ва аммо ба ҷойи онро имзо кардан, ӯ хост ручкаашро ба ҷайби костюм гузорад.

Вале кӯшишҳои президенти 78 - солаи Амрико бесамар анҷом ёфт. Байден чанд маротибаи дигар саъй кард, то ручкарои худро ба ҷайбаш гузорад, вале ба ин кор муваффақ нашуд.

Ҷо Байден, президенти нави ИМА дар пахши мустақил ваксинаи COVID-19-ро зад

Дар навор маълум аст, ки Байден пас аз кӯшишҳои чанд бора, ноилоҷ зери лаб чизе бо табасссум гуфта, сипас онҳо ба ҷайби шимаш гузошт.

Ҷо байден, ки дар интихоботи рӯзи 3 ноябр пирӯз шуд, баъди чандин "кашмакаш" - ҳои зиёд бо Доналд Трамп, пас аз маросими савгандёдкунӣ дар рӯзи 20 январ ба курсии раёсатҷумҳурӣ такя зад.

Лентаи хабарҳо
0