15 ҳазор доллар гирифту, аз Варзоб замин нахарид: пулис сокини 36 - солаи Данғараро меҷӯяд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия сокини 36 - солаи ноҳияи Данғараро боздошт намуданд, ки дар мардумфиребӣ муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Сокини 28 - солаи ҷамоати деҳоти Гулистон дар ноҳияи Восеъ ба кормандони пулис бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Денежные купюры. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ду зан аз ВКД: тоза кардани махзанро ваъда додаанд

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда аризашро ба кормандони  ШВКД-2 дар ноҳияи Сино расонидааст.

Ба гуфтаи ӯ барои соҳиби замин шудан дар ноҳияи Варзоб 15 ҳазор доллар масраф намудааст, вале бо гузашти се сол на соҳиби замин шуду, на маблағи додагии худро бозпас гирифт.

Ӯ мегӯяд, рӯзи 19 октябри соли 2018  дар назди масҷиди навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Навобод марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд.

Бар ивази 15 ҳазор доллар ба сокини ноҳияи Восеъ бояд аз заминҳои ноҳияи Варзоб қитъаи замин харида медод.

Пули калон дод, аммо соҳиби хонаву мағоза нашуд: пулиси Душанбе марди қаллобро меҷӯяд

Ба ҳамин минвол ҷабридида то ҳол маблағҳои масрафкардаи худро бозпас нагирифтааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0