Ҳавопаймо бо нахустин бастаҳои ваксинаи истеҳсоли Русия алайҳи коронавирусро дар фурудгоҳи Эл-Алто раисиҷумҳури ин кишвари Амрикои лотинӣ, Луис Арсе пешвоз гирифт.
Роҳбари Боливия дар мавриди оғози эмгузаронӣ дар кишвар эълон кард.
Маврид ба зикр аст, ки созиш даро бораи интиқоли ваксинаи "Спутник V" ба Боливия дар моҳи декабр ҳосил шуд. Иҷозатнома дар бораи истифодаи ваксинаро ниҳоди танзимкунандаи ин кишвар 6 январ дод.
Қаблан истифодаи ваксинаи "Спутник V" – ро идораҳои танзимкунанда дар Беларус, Аргентина, АМА, Венгрия, Сербия, Алҷир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон иҷозат дода буданд.
Инчунин хабар дода шуд, ки дар Иттиҳоди Аврупо низ метавонанд истеҳсоли ваксина алайҳи коронавируси "Спутник V" – ро роҳандозӣ намоянд. Гуфтушунидҳои дахлдор миёни мутахассисон аз Русия ва ҳамтоёни олмонияшон ҷараён доранд.