Тоҷикистон бо Украина парвозҳоро барқарор карданист

© REUTERS \ Toby MelvilleСамолет на фоне полной луны в небе над Лондоном, Великобритания
Самолет на фоне полной луны в небе над Лондоном, Великобритания  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора сафири фавқуллода ва мухтори кишвар дар Украина бо намояндаи мақомоти кишвар мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дирӯз дар Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири зерсохтори Украина Владислав Криклий баргузор гардид.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

Гуфта мешавад, зимни суҳбат вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва молу маҳсулот, истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Инчуин, ҷонибҳо масъалаи иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ (аз 4 марти соли 2020) ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия соли равон дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз барқароршавии парвозҳо гуфт

Инчунин масъалаи ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани парвозҳои мустақим  байни пойтахтҳои ду кишварро таъкид карданд.

Лентаи хабарҳо
0