ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сардухтури шӯъбаи гериатории ( соҳаи назорат ва табобати пиронсонлон) Вазорати тандурустии Русия Олга Ткачева гуфт, ки чигуна метавон умрро ба 10-14 сол метавон дароз кард.
Ба гуфтаи мутахассиси соҳа, нақши асосиро дар ин ҷо тарзи зиндагии одам мебозад. Каме камтар экология, генетика ва дагар махсусиятҳо таъсир мерасонанд.
Ткачева таъкид кард, ки умрро метавон бо даст кашидан аз одатҳои бад, ба монанди арақнӯшиву сигоркашӣ дароз кард.
Афзун бар ин, бояд истеъмоли хӯрокро ҳамарӯза ба танзим даровард, бо варзиш машғул шуд ва фишори худро назорат кард.
"Агар қисмати тарзи солими ҳаёти шумо ҳамон қадар зиёд бошад, натиҷааш ҳамон қадар самараноктар мешавад", - гуфтааст гериатр ба NEWS.ru.
Коршинос таъкид кардааст, ки тарзи ҳаёташонро одамон ҳатто пас аз 90-солагӣ низ тағйир дода метавонанд. Ба гуфтаи вай, нафароне, ки дар пиронсолӣ ба варзиш машғул шуданро оғоз мекунанд, номзад ба умрдарозӣ мебошанд.
Пештар пизишки бритонӣ Тим Лебенс 5 роҳи дароз кардани умрро нишон дода буд. Ба онҳо даст кашидан аз шакар, истеъмоли на зиёдтар аз 1 қошуқча намак дар як рӯз дохил мешуданданд. Ҳамчунин пизишк аз нафъи истеъмоли сабзавот ва намудҳои гуногуни нахӯд гуфта буд. Дар ҳамин ҳол дар як рӯз бояд то 2 литр об нӯшид ва хӯроки зиёд нахӯрд.