ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон" имрӯз нахустин панҷгоникҳое, ки рӯзи 30 декабр таваллуд шуда буданд, мураххас шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, табибон вазъи саломатии ҳар панҷ кӯдак ва модари онҳоро хуб арзёбӣ мекунанд.
Котиботи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар расми гусели Дилноза Маматова ва панҷ навзоди ӯ муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва роҳбарияти муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Нахустин панҷгоникҳоро дар Тоҷикистон истиқоматкунандаи деҳаи Б.Ғафурови ноҳияи Қубодиён Дилноза Маматова ба дунё овард.
Гуфта шуд, ки зан аз 11 декабри соли равон дар муассисаи мазкур зери назорати табибон қарор дошт ва 30 декабр таваллуд кард.
Пас аз таваллуди муваффақи панҷ кӯдак роҳбарияти вилояти Хатлон ба волидони онҳо ваъда дод, ки дар канори манзили бобоияшон дар Қубодиён ба онҳо манзили зист бо тамоми шароит сохта ва ҳадя мекунад.
Ду духтар ва ду писар: зане дар Душанбе чоргоник таваллуд кард
Вале падари ин хонавода Раҳмон Нурмуродов дар сӯҳбат ба расонаҳои дохилӣ изҳор доштааст, ки шароити деҳа вазнин аст ва тарбия намудани панҷ кӯдак барои ӯву ҳамсараш мушкилӣ дорад. Ин оилаи ҷавон ба ҷузъ аз панҷ кӯдаки навзод боз ду фарзанди бузургтар низ доранд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, вазъи сиҳатии модар ва кӯдакони навзодро таҳти назорат мегиранд.