ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Муштзани шинохтаи тоҷик Меҳрубон Сангинов барои набард бо Куинси Лаваллеи амрикоӣ, ки дар Майами баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
Шаби 30 ба 31 январ (ба вақти Душанбе) варзишгари тоҷик бо муштзани мағлубнашудаи амрикоӣ Куинси Лавалле рақобат хоҳад кард.
View this post on Instagram
Сангинов омодагияшро ба муҳориба аллакай ба итмом расонида, вазнкаширо оғоз мекунад (вазни пеш аз мубориза).
Ёдовар мешавем, ки қаблан Меҳрубон Сангинов дар TJ Fight Nights дар Мексика ширкат карда буд.
Ин мубориза бар зидди варзишкори мексикоӣ Мигел Лопес буд, ки бо пирӯзии Сангинов хотима ёфт.
Мавриди зикр аст, ки Меҳрубон Сангинов дар ҳоли ҳозир ҳашт пирӯзӣ ва як мусовӣ пушти сар дорад.
Моҳи сентябри соли 2019 миёни Сангинов ва муштзани амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ рақобат доир гашта, бо қарори доварон мусовӣ эълон шуд.
Сангинов унвони қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ривояти WBC ("World Boxing Council")-ро пас аз шикасти ҳарифи амрикоиаш Камерон Буроуҷонс ба даст оварда буд.
Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео
Варзишкори шинохтаи кишвар 25 сол дошта, дар пойтахт ба дунё омадааст ва ӯ ҳамзамон раиси Федератсияи бокси Душанбе мебошад.