Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик озод шуд

© аз бойгонии Далер ШарифовДалер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда
Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик, ки ба иттиҳоми "тарғиби ақидаҳои экстремистӣ" ба муҳлати як сол зиндонӣ шуда буд, озод шуд

 ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Яке аз наздикони мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ субҳи имрӯз аз зиндон озод шуда, ба зодгоҳаш деҳаи Оби Шӯраки ноҳияи Ваҳдат назди фарзандонаш омад.

“Ҳоло хешу табор ва наздикон аз дуру наздик барои аёдаташ меоянд, аз ин хотир, хеле масруф аст ва фурсате барои суҳбат ӯ бо расонаҳо надорад”, - гуфт ӯ.

Далер Шарифов, рӯзи 28-уми январи соли 2020 боздошт шуда, Прокуратураи генералии Тоҷикистон 1-уми феврал дар як изҳорот эълон карда буд, ки ӯ солҳои 2013-2019 беш аз 200 мақолаи “дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”.

Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимоли озод шудани Далер Шарифов аз зиндон

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъи Далер Шарифов ва пайвандонаш ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, ки ӯ минҳайси як рӯзноманигор мақолаҳои танқидӣ менавишт, аммо узви ҳеҷ созмон ва ҳам робитае бо ифротгароён надошт.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои хабарнигори тоҷик 2 солу 4 моҳи маҳрумӣ аз озодӣ талаб кард, аммо вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов хостори озод кардани зерҳимояаш аз толори суд шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 16-уми апрели соли гузашта ӯро барои як сол равонаи зиндон кард.

Ҳаққи дахолат надорам, вале: раиси Суди олӣ дар бораи озодии Далер Шарифов

Мурофиа пушти дарҳои баста гузашта, хабарнигоронро ба толори суд роҳ надоданд. Наздикони Далер Шарифов мегӯянд, вазъи саломатии ӯ хуб буда, аз лаҳзаҳои аввалини озодӣ ва дидор бо наздиконаш лаззат мебарад.

Лентаи хабарҳо
0