Боздошти корманди Хадамоти оташнишонии ВКД ҳангоми порагирӣ аз сӯи Оҷонсии зидди фасод

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти корманди хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар медиҳад, ки дар истифодаи мақоми хизматӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Асоев Искандар Сайдуллоевич дар вазифаи нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор кор карда истода, даст ба чунин кор задааст.

Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод боз корманди Вазорати корҳои дохиларо барои порагирӣ боздошт кард

Ба иттилои манбаъ, номбурда, бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дохил намудан аз шаҳрванд “А” маблағи 18.000 сомонӣ талаб кард.

"Санаи 22 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Асоев И.С. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 18 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд",-афзудааст, манбаъ.

Оҷонсии зидди фасод корманди Вазорати корҳои дохиларо бо иттиҳоми порагирӣ боздошт кард

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Асоев И.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0