ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Зану шавҳаре аз Тоҷикистон қурбони бемории ҳамагири коронавирус шуданд.
Маъруфҷони 72-сола ва Солеҳахони 68-сола, зодагони шаҳри Конибодом нобаҳангом зимни сафар ба Русия ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаву мутаассифона, табибон натавонистанд онҳоро наҷот диҳанд.
Хабари даргузашти нобаҳангоми зану шавҳар шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, аммо далели даргузашти онҳоро касе шарҳ надод.
Ба Sputnik Тоҷикистон муяссар шуд, ки баъзе ҷузъиёти марги мармузи волидони хонаводаро ошкор кунад.
Ба қавли яке аз наздикони хонавода, Маъруфҷон ва Солеҳахон дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус дар Русия даргузаштаву тобути онҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар Конибодом зану шавҳарро пайи ҳам ба қабр гузоштанд.
Онҳо ҳамагӣ ду моҳ пеш барои хабаргирии фарзандон ва таҷлили якҷояи соли нав ба Маскав сафар карда буданд.
Ба қавли манбаи Sputnik Тоҷикистон, охирҳои моҳи декабр Солеҳахон Мансурова зодрӯз дошт. Чанд рӯз пас аз ҷашни мавлуд маълум шудааст, ки зан ба коронавирус гирифтор шудааст.
"Ба ҷашни зодрӯз маъракаи ороста буданд. Шояд, маҳз дар ҳамон маърака бошад ба коронавирус сироят ёфтаанд, аллакай 27-уми декабр ташхиси коронавирус мусбат баромадааст", - гуфт вай.
Ба қавли наздики хонавода, сипас ташхиси падари хонавода низ мусбӣ баромад ва ҳарду пайи ҳам ба бемористон интиқол ёфтанд.
"Онҳо қариб тамоми моҳи январ дар шӯъбаи эҳёи бемористон буданд. Аммо мутаассифона ҳарду ҳам даргузаштанд", - гуфт бо изҳори таассуф ӯ.
Ба қавли манбаи Sputnik Тоҷикистон Солеҳахон Мансурова чанд рӯз пеш аз марг пас аз кома (беҳушӣ) ба худ омадаву худро беҳтар ҳис кардааст, аммо нобаҳангом даргузаштааст.
Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: Масаид Шерматов, ихтироъкори маъруфи кишвар аз олам даргузашт
"Фарзандон чанд рӯз тобути модарро дар Маскав нигоҳ доштанд, то баъди каме беҳтар шудани падар ба Конибодом раванд".
Ба гуфтаи вай, вақте падари хонавода низ ба ҳуш омадаву каме худро беҳтар ҳис мекунад, фарзандон тобути модарро ба Конибодом мебаранд, аммо ҳамагӣ пас аз як рӯзи рафтанашон, мард ҳам якбора вазнин шуда, табибон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд.
Тоҷирони тоҷик тобути Маъруфҷон Мансуровро ба Конибодом бурдаву рӯзи гузашта пас аз ҳудудан се рӯзи ҷанозаи ҳамсараш, ӯ низ ба хок супурда шудааст.
"Шояд тақдир ва нону насиб гӯянд, ҳарду ҳам ба беҳтарин бемористонҳои Маскав хобонида шуда буданд ва духтурони маъруфи Русия табобати онҳоро ба дӯш гирифта буданду ба онҳо даст надод, ки наҷоташон диҳанд", - гуфт вай бо таассуф.
Маъракаи ҷаноза бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир гардидааст.
Хонаводаи Мансуровҳоро дар шаҳри Конибодом яке аз оилаҳои намунавӣ арзёбӣ мекунанд. Sputnik Тоҷикистон охири моҳи ноябр дар бораи даргузашти Мансурҷон Қосимови 103-сола, куҳансарбози Ҷанги бузурги Ватанӣ аз Конибодом ва падари марҳум Маъруфҷон Мансуров гузориш дода буд.
Ёдрас мешавем, ин даргузашти ду тоҷикистонӣ аз коронавирус дар ҳолест, ки тибқи омори Вазорати тандурустӣ ҳафтаи дувум аст, ки омори коронавирус дар кишвар ба сифр баробар аст. Новобаста аз ин, вазорат аз сокинон даъват меорад, ки барои пешгирии бемории ҳамагир чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд.