Бо пиёзу қуфл ва шамъу испанд ҷоду мекард: фолбини 49 - сола боздошт шуд - навор

Обуна шудан
Пулиси шаҳри Душанбе як нафар зани 49 - соларо боздошт намуданд, ки дар сеҳру ҷоду ва фиреби мардум муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Зуҳро Абдуллоева сокини кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт дар сеҳру ҷоду ва фолбинӣ кардан муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, ба фиреб машғул мешудаст.

"Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекард", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, аз манзили Абдуллоева як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати Абдуллоева Зуҳро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Нигаронии ВУД аз авҷи бозори фолбинҳо: мақомот гунаҳкоронро гуфтанд – видео

"Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд", - илова мешавад дар хабари манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0