ДУШАНБЕ, 28 январ - Sputnik. Намояндагони ҳаракати "Толибон", ки фаъолияташон дар Русия мамнӯъ аст, барои музокирот ба Маскав омаданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ба иттилои манбаъ, фиристодаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов бо онҳо сӯҳбат кард.
Ҷониби Русия ба тарафдории оғози зудтари музокироти пурмуҳтаво ва созандаи байниафғонӣ, ки боиси хотима ёфтани ҷанги хунини шаҳрвандӣ ва ташаккули роҳбарияти самарабахши давлатӣ дар Афғонистон гардад, сухан гуфт.
Ҳайати Толибон ба кумаки ҷониби Русия дар истиқрори сулҳ дар Афғонистон даъват кардаанд.
ЮНИСЕФ: Толибон ба бозкушоии садҳо мактаби ибтидоӣ дар Афғонистон розигӣ доданд
Толибон нақш ва иқтидори Русияро дар кумак ба мардуми Афғонистон дар бунёди як давлати сулҳҷӯёна, мустақил ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил баланд арзёбӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Русия.