Таъкиди Раҳмон ба таъйиноти кадрӣ ва ҳисоботи рондани тасодуфиҳо аз гумрук, андоз ва бонк

Обуна шудан
Музафффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод, ки мақомоти гумрук, андоз, идораи давлатӣ ва бонкҳо аз шахсони тасдуфию ғайрикасбӣ тоза карда шуданд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён оид ба натиҷаи аттестатсияи кормандон шунида шуд.

Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
“Схема”-и пулкоркунӣ ва роҳи баста барои бекасҳо ба гумрук: саркардаҳо маълум шуданд-видео

Вазир гузориш додааст, ки аттестатсияи корманди сохторҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонки миллӣ ва бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”,  аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 идома дошт

Вазири адлия таъкид кардааст, ки аз сохторҳои зикршуда 7523 нафар аз аттестатсия гузаштанд.

“Аз руи натиҷаи аттестатсия аз сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд”, - изҳор дошт вазири адлия. Аммо Ашӯриён нагуфтааст, тасодуфиён дар ин мақомот чанд нафарро ташкил додаанд.

Дар посух Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки минбаъд низ ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ назорат пурзӯр гардида, тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Аттестатсия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан аз фасодкории густурда дар мақомоти молия, аз ҷумла андоз, гумрук ва бонкҳо интиқод карда, таъкид намуда буд, ки афроди баландпоя низ дар он даст доранду барои ислоҳи вазъ супориш дод.

Лентаи хабарҳо
0