Туман мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкТуман в горах, архивное фото
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарортаи ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 5-7 дараҷа сард ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад.

Мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ Тоҷикистон аз сардиҳои 50 дараҷаӣ ҳушдор дод

Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  26-31 ва рӯзона  14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Туман мефарояд. Ҳаво шабона  5-7 дараҷа хунук ва  рӯзона   10+12 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0