ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.
Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.
Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.
Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.
Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.
Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.
"Корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.