Ҳама бо ниқоб, сарвазиру Озода Раҳмон дар сафи пеш: гузориши аксӣ аз паём

Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ паёми солонаашро ироа кард: дар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд. Мақомдорони "аршад" - сарвазир, раиси Маҷлиси намояндагон, прокурори генералӣ, раиси Дастгоҳи раисҷумҳур дар сафи пеш нишаста буданд

Афзун бар вакилони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, дар толор фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, зиёиён ва мақомдорони кишвар ширкат доштанд.

Президент ҳангоми баромад соҳаҳои гуногуни кишварро таҳлил карда, пешниҳодҳояшро гуфт.

Ӯ бештар аз дастовардҳои сол таъкид кард. Аз ҷумла президент қайд кард, ки даромади мардум дар соли 2020 назар ба соли 2019, 10 дарсад бештар шуд. 

Муҳоҷират

Президент сараввал аз муҳоҷират, ки дар соли 2020 таназзул кард ёдовар шуд. Ба гуфтаи президент, имсол 80 дарсади муҳоҷирон натавонистанд аз Тоҷикистон берун раванд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, то аҳолиро дар дохил бо кор таъмин кунад.

Рушди чорвопарварӣ

Дар идома кишвардор қайд кард, ки соҳаи чорвопарварӣ ва парандапарварӣ дар кишвар ду соли охир хело пеш рафтааст. Ӯ инро ба қонуни танзим ва додани имконот ба соҳибкорони ватанӣ рабт дод. Президент гуфт, танҳо ду сол пеш, 50 миллиарди кишвар барои хариди гӯшти мурғ ба берун мерафт. Аммо дар назар аст, баъди ду сол воридоти гӯшти мурғ барҳам дода шуда, ин талабот аз дохил таъмин карда шавад.

Рушди кишварзӣ

Президент аз рушди соҳаҳи кишоварзӣ низ изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ ёдрас шуд, ки соли 2021 мушкилтар мешавад ва барои ҳамин, деҳқонони ҷумҳуриро боз ҳам бояд дастгирӣ кард. Бинобар ин, президент пешниҳод кард, ки кишоварзон як сол аз андози замин озод карда шаванд.

"Илм-фурӯғи маърифат"- эълони озмуни нав дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон озмуни "Фурғӯи субҳи доноӣ китоб аст"-ро таҳлил кард ва пешниҳод кард, ки барои рушди фанҳои дақиқ низ як озмуни дигар эълон карда шавад. Ӯ ба соҳаҳои дахлдор вазифа дод, ки барои баргузории озмун маблағ ҷудо карда шавад ва сокинон ҳавасманд карда шаванд.

Эълони пирӯзӣ дар коронавирус

Кишвардор ёдрас шуд, ки дар Тоҷикистон феълан омори коронавирус ба сифр баробар аст. Ӯ таъкид кард, ки бояд фориғбол нашуд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард. Вай аз ифтитоҳ шудани масҷидҳо ёдрас шуд ва гуфт, парвозҳо низ барқарор хоҳанд шуд.

Зиёд шудани стипендия ва нафақа

Сар аз соли таҳсили оянд стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳои тамоми муассисаҳои кишвар ба андозаи 30% зиёд карда хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дарсад зиёд мешавад.

Як сол озод шудани деҳқонон аз андоз

Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.

Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.

Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон барои тақвияти артиш ва марз: вазъи минтақа мураккаб

Ӯ ёдрас шуд,  қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.

Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад. 

"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.
Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.

Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ироа кард
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
1/8
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ироа кард
© Пресс-служба президента ТаджикистанаМақомдорони "аршад" дар сафи пеш ҷой гирифтанд
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
2/8
Мақомдорони "аршад" дар сафи пеш ҷой гирифтанд
© Пресс-служба президента ТаджикистанаДар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
3/8
Дар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд
© Пресс-служба президента ТаджикистанаДар сафи пеш - раисони вилоятҳо, прокурори генералӣ ва муовини сарвазир
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
4/8
Дар сафи пеш - раисони вилоятҳо, прокурори генералӣ ва муовини сарвазир
© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон паёми солонашро ироа кард
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
5/8
Эмомалӣ Раҳмон паёми солонашро ироа кард
© Пресс-служба президента ТаджикистанаОзода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
6/8
Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон
© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент пешниҳод кард, ки деҳқонон аз андоз озод шаванд
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Президент пешниҳод кард, ки деҳқонон аз андоз озод шаванд
© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳур хабар дод, ки ба наздикӣ парвозҳо барқарор мешаванд
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
8/8
Раисҷумҳур хабар дод, ки ба наздикӣ парвозҳо барқарор мешаванд
Лентаи хабарҳо
0