https://sputnik.tj/20210126/olimpiada-sughd-khonandagon-piruzi-1032699017.html
"Роботсозон" аз Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ "Шоҳҷоиза" гирифтанд
"Роботсозон" аз Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ "Шоҳҷоиза" гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи... 26.01.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-01-26T18:15+0500
2021-01-26T18:15+0500
2021-01-26T19:15+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1a/1032698862_0:63:1200:741_1920x0_80_0_0_72a0e3c8ced12036a3e19281a18963f3.jpg.webp
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1a/1032698862_0:25:1200:779_1920x0_80_0_0_23c35208024444f36106918544c4f673.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, маориф, суғд, робот, озмун
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, маориф, суғд, робот, озмун
"Роботсозон" аз Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ "Шоҳҷоиза" гирифтанд
18:15 26.01.2021 (Навсозишуда: 19:15 26.01.2021) Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Чанд "роботсоз"-и наврас аз вилояти Суғд дар олимпиадаи робототехникӣ ширкат варзидаву "Шоҳҷоиза" гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ WRO (World Robot Olimpiad) баргузор гардид.
"Дар қатори беш аз 10 даста аз шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии озмун ду даста аз вилояти Суғд - дастаи маҳфили "Робототехникӣ" - и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуданд", - менависад манбаъ.
Дар озмун дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар номинатсияи "Муҳандиси беҳтарини робототехникӣ" ва дастаи Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи "Амали беҳтарини дастаҷамъона" маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.
Ба ғолибон диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификати иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмун тақдим карда шуд.
Ихтироъи роботе, ки 5 ҳазор намуди ғизо мепазаду коса мешӯяд - видео
Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи ташкили озмун рушди малакаи техникии насли наврас, дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба ихтироъкориву навоварӣ мебошад.
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун метавонанд дар озмуни байналмилалӣ ширкат варзанд.