ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ноболиғи 17 -сола дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсия боздошт шудааст.
Ӯ сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат буда, дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.
Кордкашии ноболиғ дар хобгоҳи "Текстил": марди 34 -соларо дашном доду корд зад
ВУД дар шарҳи ин ҳодиса менавсиад, ки номбурда, рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 14:30, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, ҳамдигарро лату кӯб намудаанд.
"Сипас гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба шиками ҷабрдида задааст", - омадааст дар хабарнома.
Мувофиқи маълумотномаи суддӣ-тиббӣ, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.