ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҷамъбасти рӯзи 15-ум бидуни коронавирус дар ҷумҳурӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.
Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон беш аз ду ҳафтаи охир дар сомонаи расмии covid.tj хабар медиҳад, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфтаанд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, 99,3 дарсади онҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба вируси корона гирифтор шудаанд, шифо ёфтаанд ва танҳо 0,7 дарсад бар асари ин маризӣ ҷон додаанд. Теъдоди умумии фавтидагон бар асари коронавирус 90 нафар арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват дорад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанду фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.