Ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Президент барои барканории Самадзода

© Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои бозхонди Турахон Самадзода аз вазифаи додрас ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Самадзода Турахон Давлат бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии кишвар аз вазифаи судяи Суди Олии ҷумҳурӣ бозхонд карда шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”

Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, сабаби бозхонди Самадзода расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан арзёбӣ шудааст.

Бар асоси қонунгузории Тоҷиикстон, синни ниҳоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.

Муқаррар шудааст, ки судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Маҷлиси миллӣ интихобу бозхонд менамояд.

Судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди раиси Суди Олии Тоҷикистон ва суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент таъйин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0