Бори нахуст: пайвандсозии ду даст бо китфҳо ба маъюби 48 - сола аз Исландия - навор

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкРабота хирурга-отоларинголога в Великом Новгороде
Работа хирурга-отоларинголога в Великом Новгороде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини Исландия ҳамакнун нахустин нафарест, ки пас аз ҷарроҳии тӯлонӣ соҳиби ҳар ду даст бо китфҳо гардид

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Пизишкон дар Фаронса бори нахуст дар ҷаҳон пайвандсозии бомуваффақияти дастҳо бо ҳар ду китфро анҷом доданд, хабар медиҳад The Guardian.

Ба иттилои манбаъ, пайвандсозӣ рӯзи 13 январ дар бемористони ба номи Эдуара Эррио сурат гирифт. Ҷарроҳӣ ҳудуди 15 соат бо ҳузури 4 гурӯҳи табибон ва 50 корманди тиб давом кард.

Медицинская капельница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони хориҷӣ майнаи сари Бибиоишаи 7-соларо ҷарроҳӣ карданд

Соҳиби дастону китфони нав Феликс Гретарсон сокини 48 - солаи Исландия шуд. Номбурда ҳанӯз 20 сол пеш бар асари зарбаи барқ аз ҳар ду дасташ бенасиб шуд ва соли 2013 дархости ӯ барои пайвандсозии дастҳо бо ҳар ду китфро беморхонаи мазкур тасдиқ кард. Барои дарёфти донор Гретарсон боз чанд соли дигар интизорӣ кашид.

Пас аз ҷарроҳӣ пизишкон изҳор доштанд, ки барқароршавии дасти рости ӯ нисбати дасти чапаш беҳтар аст.

Ҳоло сокини Исландия мустақилона ҳаракат кардан наметавонад, вале зимни нашри як навор, ки пас аз 9 рӯзи анҷоми ҷарроҳӣ сабт шудааст, ӯ аз вазъи хуби саломатияш хабар дода ба кулли пизишкону кормандони ин дармонгоҳ изҳори минатдорӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0