ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ҳукми Юсупов Абдуазимҷони 24 - сола, сокини маҳаллиро эълон кард.
Бар хабари котиботи Прокуратураи ноҳияи мазкур, ҷавони 24 - сола бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсари худ, нимашаб ба хонаи хусураш ба деҳаи Куйбишев омадааст.
Номбурда бо роҳи зӯроварӣ ба хонаи падарии занаш ворид шуда, дар пешдолони хона бо корди хоҷагидорӣ ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Миниқулова задааст, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта зан дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.
Гуфта мешавад, Юсупов пас аз қатли ҳамсари худ ба ҷонаш низ сӯйқасд намуда, бо корд худро низ захмӣ кард.
Ҳодисаи мазкур рӯзи 13 июли соли гузашта рух дод ва додгоҳи ноҳияи Кӯшониён нисбати Юсупов бо моддаҳои 104 қисми 2 , бандҳои "в", "к" ва 147 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушод.
Ба гулӯяш тир холӣ кард, гарданашро бо корд бурид: ошкоршавии 3 куштор дар Тоҷикистон
Зимнан, бо қарори суд сокини 24 - солаи Кӯшониён дар қатли ҳамсари худ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Манбаъ меафзояд, номбурда адои ҷазои ҷиноятии худро дар колонияи низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад.