Зан мардро "шантаж" мекард: пули калон диҳӣ маълумотҳои бадномкунандаро паҳн намекунам

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 32 сола хабар дод, ки бо усули "шантаж" аз як мард пули калон ситонид

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки зани мазкур соли 2016 бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шинос шуда, барои паҳн накардани маълумотҳои бадномкунанда, аз ҷабрдида ба маблағи 22 ҳазору 824-сомонӣ талаб намудааст.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Падарро “шантаж” мекард: агар пул надиҳи навори ошиқбози бо духтаратро ифшо мекунам

Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда санаи 21-уми январи соли 2021, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми гирифтани 2 ҳазору 750-сомонӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои манбаъ, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ВУД-и Тоҷикистон аз боздошти як марде хабар дода буд, ки мехост бо усули "шантаж" аз як зан пул ситонид.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, бо зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур рафту омади дӯстона дошта, бо роҳи иъроб (шантаж) таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.

Гуфта мешавад, номбурда, дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардид.

Бояд қайд кард, ки ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйӣ бо усули "шантаж" набуда, қаблан низ вазорат аз чунин ҳолату боздоштҳо хабар дода буд.

Лентаи хабарҳо
0