Тафсилоти сӯхтори бозори "Султони Кабир": сабаб ва ҳаҷми хисорот маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПожарная машина в Душанбе
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, оташнишонон ба маблағи 2 миллион сомонӣ молу маҳсулоти мардумро аз сӯхтор наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Омили асосии сӯхтор дар бозори "Султони Кабир", ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Базар Султони Кабир в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар Бозори "Султони Кабир" - видео

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.

ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт

Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

"Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд", - омадааст дар хабарнома.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0