ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Арабистони Саудӣ мулоқот доир намуд, хабар медиҳад котиботи ВУХ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти вазири тоҷик бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ, Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ рӯзи 25 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Арабистони Саудӣ дар робита ба авҷи коронавирус марзҳояшро баст ва зиёрати хонаи Худо барои кулли мусалмонон ба таъхир афтод.
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ масоили терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд
Аммо чанде пеш, дақиқ шуд, ки сар аз 31 марти 2021 шаҳрвандони Тоҷикистон имкони сафар ба Арабистони Саудиро дарёфт намуданд.
Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё "бритонӣ" сафар ба таъхир афтод.