ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни мулоқот дар шакли маҷозӣ бо донишҷӯёни рус қайд кард, ки "тафтишот" - и Алексей Навалний дар бораи қаср дар минтақаи Геленҷики Русияро тамошо накардааст, чунки ӯ барои тамошои ингуна филмҳо вақт надорад. Аммо Путин гуфт, ки баъзе аз пораҳои ин филмро дидааст.
Дар бораи саҳеҳ будани маълумот дар ин филм, ки ахиран дар YouTube нашр шуд, аз Владимир Путин донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи нафтиву техникии Уфимск, Даниил Чемезов суол кард.
“Ман мехоҳам ба суоли шумо фавран ҷавоб диҳам. Ҳар он чизе, ки дар ин филм ҳамчун моликияти ман зикр шудааст, на ба ман ва на ба наздиконам тааллуқ надорад ва надошт. Ҳеҷ гоҳ”, - гуфт Путин.
Вай гуфт, ки дар ин филм рафиқон, ҳамкорони собиқ, "кадом як хешовандони дур" ва шиносони ӯ ёдрас шуданд. Ҳамзамон раисҷумҳур зикр кард, ки дар ин филм ҳатто баъзе нафароне ёдрас шудаанд, ки ӯ умуман онҳоро надидааст.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ин маълумот таи даҳ сол аст, ки расонаӣ шудааст ва имрӯз онҳо ҳамаи маълумотро ҷамъ оварда, "кушиш доранд мардуми моро бо ин мавод мағзшӯӣ кунанд".
Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд
Ёдрас мешавем, ки ахиран Алексей Навалний, ки худро мухолифи давлати Русия мешуморад ва ҳамзамон роҳбари Бунёди мубориза бо фасод аст, рӯзи 19-уми январ маълумотро дар бораи "Қасри Путин" ифшо кард.