Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

© Фото : Центр Льва ГумилёваПервый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон
Хатарнок аст: Раҳмон ва парлумон ҷои МОИ “Кӯлоб”-ро иваз карданд

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и "Суғд", "Данғара", "Панҷ", "Ишкошим" ва "Кӯлоб" шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0