Барфрезӣ дар Душанбе кори кӯчарӯбонро зиёд намуда, дар фаъолияти бахше аз соҳаҳо низ мушкилот ворид кард.
Аз ҷумла дар бахши варзиш, Лигаи футболи Тоҷикистон вобаста ба барфрезии рӯзҳои охир дар тақвими бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе тағйирот ворид намуд. Ба ин тартиб бозиҳои марҳилаи мазкур дар минтақаи Душанбе аз рӯзи душанбеи 25 январ шурӯъ хоҳанд шуд.
Қаблан ба далели барфрезӣ бархе аз парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба хориҷи кишвар низ бо таъхир амалӣ карда шуданд.
Ин ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарони зиёд барфрезӣ ва маназараҳои сафедпӯшро дар саҳифаҳояшон нашр кардаанд.
Сарфи назар аз мушкилоте, ки барфрезиҳо дар пай доранд, инчунин ҷанбаҳои мусбат, аз ҷумла барои кишоварзию захираи барфу пиряхҳо дар баландкуҳҳои Тоҷикистонро доранд.