Дигар аз ҷояш нахест: Поре ба таври муассир Макгрегорро нокаут кард - видео

Обуна шудан
Дар набарди асосии UFC 257, Коннор Макгрегори ирландӣ аз Дастин Пореи амрикоӣ, ки шаш сол пеш нокаут карда буд, мағлуб шуд

Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" мусобиқаи UFC 257 хотима ёфт. Мухлисон бесаброна интизори бозии ҷавобии байни размикори ирландӣ Коннор Макгрегор ва амрикои Дастин Поре буданд.

 Дастин Пуарье - Sputnik Тоҷикистон
Ирода ва тактика: Поре Макгрегорро шикаст дод

Муборизаи Макгрегор бо Поре дар даври дуввум хотима ёфт.

Агар дар даври аввал ва аввали даври дуюм эҳсоси ғалабаи Макгрегор пайдо шуда бошад ҳам, пас дар ниҳоят вазъ тағйир ёфт.

Дар навор дида мешавад, ки Поре аввал пайи ҳам зарбаҳои Макгрегорро сар медиҳад. Дар баробари ин, варзишгар ноумед намешавад ва ҳатто рақибашро масхара мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки Дастин омодагӣ мебинад ва ҳамлаҳои пайдарпайи худро оғоз мекунад. Ин Конорро ошуфта мекунад.

Дар натиҷа, Поре дар чанд сония Макгрегорро нокаут мекунад.

Ҳамзамон мушоҳида мешавад, ки зарба он қадар шадид буд, ки бори дуввум Макгрегор натавонист бихезад ва чанд дақиқа дар рӯйи октагон дароз кашад.

Лентаи хабарҳо
0