ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Раҳбари коргоҳи нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен худкушӣ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.
Ба иттилои манбаъ, мард дар хонаи худ худкушӣ кардааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сардори коргоҳ ба тафтишот ҷалб шуда, барои бозпурсӣ даъват шудааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 январ се корманд дар бинои панҷуми нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен бар асари хуруҷи омехтаи ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд. Се коргари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Вазорати энергетика мегӯяд, ки қабл аз иҷрои кор ба гурӯҳи пудратчиён дастур дода шуд ва ба ин объект иҷозати зарурӣ гирифтанд.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ҳолати фавқулода инфрасохтор ва таҷҳизоти технологии нерӯгоҳ осеб надидаанд.
Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод
Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба оилаҳои халокшудагон аз давлат ба маблаги 105 миллион сум товон дода мешавад.