ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Усмонзода дар иҷлосияи маҷлиси намояндагон пас аз баромади Шералӣ Мирзо дар бораи шарҳи лоиҳаи қонуни нави ҳарбӣ мавзӯи муносибатҳои ғайриқонунӣ дар қисмҳои ҳарбиро ба миён гузошта, қайд кардааст, ки чунин ҳолатҳо ба худи вазир ҳам маълуманд.
"Муҳтарам вазир, муносибатҳои ғариоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, агар гӯем маъмулӣ шудааст, хато намекунем. Аз ин хусус зимни суҳбату мулоқот бо интихобкунандагон волидайне, ки фарзандонашон хизмати аскариро ба ҷой меоранд, изҳори ташвиш мекунанд", - таъкид кардааст ӯ.
Вай мисол овардааст, ки аз ҷумла, чунин ҳолат дар қисми ҳарбии марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав ва қисми ҳарбӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ба қайд гирифта шуда.
"Шумо аз он огоҳед", - таъкид кардааст Усмонзода ба Шералӣ Мирзо.
Ба қавли Усмонзода маҳз ҳамин ҳолатҳо, боиси дилсардии ҷавонон аз хизмати модар-ватан гардидааст.
"Чунин мисолҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар дигар қисмҳои ҳарбӣ низ ҷой дошта, боис шудааст, ки ҷавонони синни даъват ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сар печанд. Барои аз миён бардоштани чунин муносибатҳо чораҳои мушаххас андешидан зарур аст. Фикри шумо дар ин хусус чист?", - пурсидааст вай.
Шералӣ Мирзо дар посух гуфтааст, ки аз ҷой доштани чунин муносибат дар қисмҳои ҳарбӣ хабар дорад.
" Мутаассифона, чунин ҳолат ҷой дорад. Вазорати мудофиа ҳама чораро меандешад, ки ба чунин вазъ хотима диҳад. Ҳарчанд теъдоди чунин вайронкуниҳо тӯли солҳои охир ду — се маротиба кам шудааст, вале то ҳол он хотима наёфтааст", - изҳори нигаронӣ кардааст вай.
Шералӣ Мизо афзуд, бо қабули қонун дар таҳрири нав ба масъалаи зикршуда боз ҳам бештар диққат дода хоҳад шуд.