Ҳалокати 300 кас дар паи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 23 января
День 23 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 23 - юми январи соли 1989 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор 300 нафар ба ҳалокат расид

Рӯзи 23 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

Соли 1849 дар Иёлоти Ню-Йорк Элизабет Блеквелл аввалин зане шуд, ки дар ҷаҳон дипломи духтурӣ ба даст овард.

Соли 1912 дар Гаага Конвенсияи байналмилалии афюн-аввалин созишномаи байналмилалӣ дар бораи назорати маводи мухаддир ба имзо расид.

Рӯзи 23 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1989 субҳи барвақт дар натиҷаи заминҷунбии шадид зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ба ҳалокат расиданд.

© Sputnik / Геннадий Ратушенко / Гузариш ба медиабонкПоследствия землетрясения в Таджикской СССР
Ҳалокати 300 кас дар паи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих - Sputnik Тоҷикистон
Последствия землетрясения в Таджикской СССР

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд. 

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 январ

  • Дар ҷаҳон — Рӯзи дастхат

Рӯзи 23 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1966 - олими таърих, дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Маъруф Исоматов.

Лентаи хабарҳо
0