Даргузашти рӯзноманигори маъруф Ларри Кинг аз коронавирус

© Sputnik / Алексей Юшенков / Гузариш ба медиабонкАмериканский телеведущий Ларри Кинг
Американский телеведущий Ларри Кинг  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзноманигори маъруфи ҷаҳонӣ Ларри Кинг дар синни 87-солагӣ вафот кард. Ӯро чанде пеш дар пайи сироят аз коронавирус ба бемористон интиқол дода буданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Муҷрии машҳури телевизиони амрикоӣ Ларри Кинг аз коронавирус даргузашт. Дар ин бора дар саҳифаи вай дар Твиттер хабар дода мешавад.

Рӯзноманигор 87 сол дошт.

Ҳудуди 3 ҳафта пеш Кинг дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус ба бемористони Лос-Анҷелес интиқол ёфта буд. Маълум аст, ки ба ғайр аз коронавирус, рӯзноманигор муддати зиёде бо бемории саратон ва паёмадҳои сактаи мағзӣ мубориза мебурд.

Владимир Соловёв, роҳбари Иттиҳоди журналистони Русия ба наздикон ва ихлосмандони Ларри Кинг изҳори ҳамдардӣ кардааст. Вай таъкид намудааст, ки ба воситаи студияи Ларри Кинг нафарони зиёди боистеъдод ва машҳур гузаштанд.

"Кинг аз машҳуртарин ва барҷастатарин рӯзноманигорони амрикоӣ дар ҷаҳон буд. Муҷриёни зиёде, аз ҷумла ман аз вай нозукиҳои касбро омӯхтаем", - қайд кардааст Соловёв.

Ёдрас мешавем, Ларри Кинг муаллифи барномаи ба тамоми ҷаҳон машҳури Larry King Live буд, ки аз соли 1985 то соли 2010 дар телевизиони CNN мебурд.

Ба рӯзноманигор дар "Хиёбони шӯҳрат" дар Ҳолливуд ситора гузоштаанд. Ҳамчунин вай дорандаи ҷоизаҳои машҳури "Эмми" ва "Пибоди" буд.

Лентаи хабарҳо
0