ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 6-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 29-34 ва рӯзона 15-20 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона ҳавои бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефароядҲаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.