ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Аахиран мақомоти Русия гуфт, ки аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ буҷаҳои вилоятҳои гуногуни ин кишвар чи қадар фоида мегиранд. Вазорати умури дохилаи Русия маблағи дақиқи фоида аз муҳоҷирони меҳнатиро эълон кард.
Тибқи иттилои ВУД-и Русия дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаҳои вилоятҳои ин кишвар 577,6 миллион доллар фоида овардаанд.
Ин нишондиҳанда албатта нисбат ба соли 2018 кам будааст. Он давра маблағи фоидае, ки минтақаҳо аз муҳоҷирон мегирифтанд, тақрибан 757 миллион долларро ташкил дод.
Сабаби кам ворид шудани маблағ, ин пандемияи коронавирус ва баргашти муҳоҷирон ба ватанҳои худ будааст.
ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2020 беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ патент гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирони патентгирифта дар соли 2019 ба 1,7 миллион нафар расид.
Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соли 2020 ба Русия барои ҳар мақсад омаданд ва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шуданд, ду баробар кам шудааст. Шумори онҳо аз 19,5 миллион то 9,8 миллион нафар коҳиш ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки тобистони соли 2020 ВУД-и Русия дар бораи мувақатан озод намудани муҳоҷиони меҳнатӣ аз пардохти пули патент ва иҷозати кор дар ин кишвар хабар дода буд.
Патенти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кору фаъолият намоянд. Ин санад барои як сол дода мешавад ва имкон дорад боз барои 12 моҳ тамдид ёбад.
Ҳар як минтақаи Русия нархи патентро худаш таъйин мекунад. Дар ҳоли ҳозир, нархи патент дар Маскав 5341 рубл барои ҳар моҳ ва дар шаҳри Санект-Петербург арзиши патент 3993 рубл барои ҳар моҳро ташкил медиҳад.