Ҷаримаи сокинони Рашт барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЭлектросчетчики на улице
Электросчетчики на улице  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи баргузории санҷишҳо дар минтақаи Рашт 73 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ  ошкор гардида, ҷавобгарон ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа шудааст.

Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сангвор: сокинон қарзи барқро пурра пардохт карданд

Ин омор зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумат баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф ба даст омадааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ асосан миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба муҳандиси реҷаи шабакаҳои барқи Рашт Фатҳулло Маҳмадхонов.

Муҳосиби шабакаҳои барқи Рашт Назриддин Шарипов гуфт, ки мувофиқи маълумоти муҳосибот, қарзи дебитории шабакаҳои барқи минтақаи Рашт 41 миллиону 158 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 15 миллиону 839 ҳазору 381 сомонӣ аз ҳисоби муштариёни маишӣ ва боқимонда аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва сохтори тиҷоратии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад.

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

Ҳамин тавр, бо ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ  қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд.

Ҳамчунин дар ин  муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ  ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида  ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он   рӯёнида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0