ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигаҳобин ва танзими ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мутасаддӣ аст, эълон кард, ки дар пайи бад шудани шароити ҳаво дар кишвар дар ин роҳ бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.
Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.
"Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.
Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад, меафзояд дафтари матбуотии ширкат.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд.