Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба Швейтсария мол содир кардааст

© AP / ENNIO LEANZAШвейцарский флаг на горе Саентис в Шваегалпе, Швейцария
Швейцарский флаг на горе Саентис в Шваегалпе, Швейцария - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот дар соли 2020 Швейтсария, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон будаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Касри савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 774 миллион долларро ташкил кардааст

Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.

Руководитель Школы востоковедения факультета мировой экономики и мировой политики Национального исследовательского университета Высшая школа экономики (НИУ ВШЭ) Алексей Маслов - Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси рус сабаби беқурбшавии рекордии пулро дар Тоҷикистон гуфт

Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.

Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир

Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.

Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0