Дар Эрон беш аз як миллион мубталоёни корона шифо ёфтанд

© AP / Vahid SalemiПроверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран
Проверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То кунун дар Эрон як миллиону 144 ҳазору 549 нафар беморон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоёни вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Вакцина  - Sputnik Тоҷикистон
Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

Симо Содот Лорӣ - сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, дар 24 соъати гузашта 6 ҳазору 204 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 677 нафар бистарӣ шуданд.

Ӯ афзуд, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 354 ҳазору 520 нафар расида аст.

Лорӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар 24 соъати гузашта 93 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд. Маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 150 нафар расидааст.

Ба гуфти манбаъ, то кунун як миллиону 144 ҳазору 549 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 97 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дастикам ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 70 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Таъсирҳои манфии ваксинаи коронавирус маълум шуд 

Амрико бо ҳудуди 25 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти кам 415 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

Лентаи хабарҳо
0