ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби ҳисобкунаки ҳушманди барқро амалӣ мекунад, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба хабаргузории "ТОП Тҷ".
Бино ба иттилои манбаъ, яке аз шартҳои Бонки Рушди Осиё барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад.
"Дар марҳалаи нахусти ин тарҳ, насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ бо 50 миллион доллар ҳазина дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара барномарезӣ шудааст", -менависад манбаъ.
Тоҷикистон дар самти содироти нерӯи барқ ба хориҷ тақрибан 40 миллион доллар зарар дид
Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати "Барқи Тоҷик" ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.
Ҳамчунин агар муштариён бамавқеъ ҳазинаи барқи масрафиро напардозанд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.