ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Кормандони милитсия мардеро боздошт намуданд, ки ба сӯиқасд ба куштор муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич буда, бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, номбурда 4 январи соли 2021, тахминан соати 06:40-дақиқа, ҳамдеҳааш марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, бо гумоне, ки гӯё номбурда бо ҳамсараш, зани 31-сола муносибати ошиқона дорад, ба гардани ӯ ва ҳамсараш корд гузошта, таҳдиди куштан намудааст.
Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рашк сабаби қатли ҳамсар шуд: мард ҳамсарашро 13 корд зада кушт
Ёдовар мешавем, дар гузашта низ вазорат аз рухдоди чунин ҳодисаҳо хабар дода буд, ки баъзан бо поёни ногувори қатлу куштор хотима ёфтаанд.